Душанбе - Шанбе
08:00 - 17.00
к.Карамов 65А
Душанбе, Тоҷикистон
(+992) 555066260
(+992) 777177573

"Соро" дар варзиш

Асосӣ "Соро" дар варзиш

Клуби футзали «Соро Компания»

Соли 2013 ширкати «Соро» клуби хурди футболиро бо ҳамин ном таъсис дод. Имрӯз Бошгоҳи футзали «Соро компания» серҷоизатарин дастаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба шумор меравад. Он 4 бор унвони чемпионӣ, 3 Суперҷом ва 3 Ҷоми лигаи футзали Тоҷикистонро ба даст овардааст.

  • Пеш аз баромади аввалинаш дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон даста гоҳ-гоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни ҳаваскорон ширкат мекард.
  • Соли 2015 «Соро компания» баромади худро дар чемпионати Тоҷикистон - Серияи «PRO» оғоз карда, ҳамон сол соҳиби медалҳои нуқра гардид.
  • Соли 2018 қаҳрамони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуда, ба чемпионати Осиё миёни бошгоҳҳо роҳхат гирифт. Аз рӯи натиҷагирӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё «Соро компания» ба 10 гонаи беҳтарини дастаҳои Осиё дохил шуд.
  • Соли 2020 бори нахуст дар таърихи худ барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда, инчунин медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзалро ба даст овард.
  • Соли 2021 ба хазинаи дастовардҳои даста медалҳои тиллои Серияи «PRO», Лигаи касбии футзал ва Ҷоми Тоҷикистон зам шуд.
  • Соли 2022 низ "хет-трики тиллоӣ" кард.