Душанбе - Шанбе
08:00 - 17.00
к.Карамов 65А
Душанбе, Тоҷикистон
(+992) 555066260
(+992) 777177573

Дар бораи Мо

Асосӣ Дар бораи Мо

«Соро Компания» - кафолати сифат ва нархи дастрас

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Соро Компания» соли 2013 бо қарори муассиси ширкат Давлатов Баҳриддин Ҷумъаевич таъсис ёфтааст. Соҳаи асосии фаъолияти корхона фурӯши чакана ва яклухти сӯзишворӣ тавассути шабакаи пойгоҳҳои нафтӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории муосири Soro-Oil дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ширкат ба фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагидорию тиҷоратӣ, инчунин ба ҳамлу нақл, воридоту содирот, истихроҷ ва истеҳсоли ҳамаи намуди маҳсулот ва молҳои ниёзи мардум машғул аст.

Шумораи умумии коргарон бештар аз 170 нафарро ташкил медихад.

Шабакаи НФС «Соро-Ойл»

Шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории нақлиёт «Soro-Oil» 30 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар бар мегирад, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин бо дарназардошти афзудани шумораи электромобилҳо дар шаҳри Душанбе ва ҳамқадами замон будан "Соро Ойл" дар се нуқтаи фурӯши сӯзишвории худ барои барқдиҳӣ (нерӯдиҳӣ) ҷойҳои махсус омода кардааст.

Парки мошинҳои хусусииҳозиразамони сӯзишворӣ

Ширкат дар ихтиёри худ анбори нафт дар ноҳияи Рӯдакӣ ва парки мошинҳои муосири сӯзишворӣ ва газро дорост, ки беш аз 20 нақлиёти боркашонро дар бар мегирад.

Шарикони мо

«Соро Компания» зиёда аз 10 сол боз бо таъминкунандагон ва тоҷирони боэътимоди маҳсулоти нафтии Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунад.

Бо мо кор мекунанд:
ҶДММ «ИНТЕРА ГРУПП», ҶДММ «АВАНГАРД ОЙЛ», ҶДММ «КАТРИ ПЕТРОЛЕУМ», ҶДММ «ИГЛ ЭНЕРДЖИ», ҶДММ «ПЕТРО ТРЕЙДИНГ», ҶС «УЗБЕКНЕФТЕГАЗ», РДММ «ТЕНГИЗШЕВРОЙЛ», РДММ «BAKAIENERGY»

Ба мо боварӣ доранд

Дар бозори дохилӣ муштариёни асосии мо муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо, ташкилоту клубҳои варзишӣ, шахсони машҳур (VIP) ва ширкатҳои маъруф мебошанд.

Дар байни мизоҷони мо қарор доранд:
Сафоратхонаи ИМА дар ҶТ, Сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ, Сафоратхонаи Фаронса дар ҶТ, Сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар ҶТ, БДА ҶТ "Амонатбонк", ҶСП "Индиго Тоҷикистон", «Хуаксин Семент», «Моҳир Семент», «Авесто Одина», «Заршуи Одина», «Ҳумо».

Ифтихори мо - клуби футзали мост

Соли 2013 ширкати "Соро" клуби хурди футболиро бо ҳамин ном таъсис дод.

Имрӯз Бошгоҳи футзали "Соро компания" серҷоизатарин дастаи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба шумор меравад. Он 4 бор унвони чемпионӣ, 3 Суперҷом ва 3 Ҷоми лигаи футзали Тоҷикистонро ба даст овардааст.