Дар доираи бозиҳои даври 8-уми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал қаҳрамони феълии Тоҷикистон бошгоҳи «Соро компания»- и Душанбе бо дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дидор анҷом медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи аввали Суперлига шогирдони Пайрав Воҳидов ин рақиби хешро бо ҳисоби 8 бар 3 мағлуб намуда буданд. Айни замон бошгоҳи «Соро компания» бо касби 16 хол дар зинаи дуюми ҷадвали умумии Лига қарор дорад. Тими «Истаравшан» бо ҳашт хол дар мақоми чорум қарор дорад.
It is a long established fact that a reader will be distracted.