Директори генералии ҶДММ “Соро компания”, соҳибкори ватанӣ - Тоҷиддин Давлатов тими миллии футзали Тоҷикистонро ҷиҳати ҳунарнамоии арзанда дар Ҷоми Осиё-2024 қадрдонӣ кард. Тоҷиддин Давлатов ҳайати мунтахабро ҷиҳати ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, дар Ҷоми ҷаҳон ба онҳо бурдборӣ орзу намуд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, барои аввалин бор дар таърихи худ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024-ро ба даст овард. Чемпионати ҷаҳон аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон барпо мешавад.
Маросими супоридани мукофотпулӣ ба даста дар қароргоҳи бошгоҳи “Соро компания” доир гардид. Дар маросим ситоди мураббиён, ҳайати бозигарон ширкат варзиданд.
It is a long established fact that a reader will be distracted.