Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд - хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар пайравӣ аз иқдомҳои бузург ва сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ҶДММ “Соро компания”барои дастгирии табақаи ниёзманд пайваста дасти кӯмак дароз мекунад.
Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат ин навбат дар арафаи Иди саиди фитр аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ “Соро компания” ба зиёда аз 60 оила, аз ҷумла ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманди ҷамоатҳои ноҳияи Варзоб кӯмаки моддӣ, аз ҷумла орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока тақсим карда шуд.
It is a long established fact that a reader will be distracted.